15 апрели 2019 дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Иттисол барои рушди устувор” дар Бухарест, Руминия вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ барои Осиёи Марказӣ ва Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Наталя Герман доир гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин ниҳоди СММ муҳокима шуданд.