Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

02.05.2019 14:57

2 майи соли 2019 дар Риёз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури дипломатияи умумӣ  Сауд ибни Солеҳ Котиб мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории  фарҳангӣ, аз ҷумла доир намудани Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон, ки дар семоҳаи чоруми соли 2019 ба нақша гирифта шудааст, зоҳир гардид. Ҷониби саудӣ аз сатҳи баланди пазироии Рӯзҳои фарҳангии Подшоҳӣ дар Тоҷикистон, ки моҳи майи соли 2018 баргузор гардида буд, изҳори сипос намуд.

Бо ишора ба аҳаммияти зиёди робитаҳои фарҳангӣ, ҳар ду ҷониб изҳори умедворӣ намуданд, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон низ дар сатҳи муносиб баргузор гардида, ба густариши муносибатҳои  дӯстию ҳамкорӣ байни ду кишвар ва мардумони онҳо саҳм гузорад.  

IMG-0032-02-05-19-06-24.jpg

 

Нигористон

Тақвим