Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири федеролии амнияти озуқавории миллӣ ва тадқиқоти Покистон

09.05.2019 15:23

9-уми майи соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Вазири федеролии амнияти озуқавории миллӣ ва тадқиқоти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Соҳибзода Муҳаммад Маҳбуб Султон баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат  масъалаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар, хусусан дар самти ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва инчунин баланд бардоштани сатҳи тиҷоратии тарафайн нисбат ба маҳсулоти кишоварзӣ, баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин масъалаи баргузории вохӯрии Гуруҳи кории муштарак ва ба роҳ мондани робитаҳои коршиносони ҳарду ҷониб муҳокима  шуд. Пешниҳод гардид, ки дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои марбутаи кишварҳо, баргузории ин вохурӣ дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи 6-уми байниҳукуматии муштараки Тоҷикистон ва Покистон, ки дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ташкил карда шавад.

IMG-20190510-WA0005.jpg

 

Нигористон

Тақвим