1 июни 2019 дар Теҳрон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид. Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, бахусус тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон низ мувофиқи мақсад дониста шуд.
Ҷонибҳо нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эронро дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳо зикр намуда, зимнан аз доир шудани нишасти ахири Кумитаи пайгирии иҷлоси 12-уми Комиссияи муштарак дар Теҳрон ва дар назар будани баргузории иҷлоси 13-уми Комиссияи муштарак дар нимаи дуюми соли ҷорӣ ёдовар шуданд.
Ҳамчунин, роҷеъ ба баҳрабардорӣ аз пружаҳои муштарак ва истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ табодули назар сурат гирифт.
Ҳангоми мулоқот перомуни масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои ду ва чандҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ суҳбат доир гардид.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар бо нигаронӣ аз густариши терроризму ифротгароӣ ва чолишу таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аҳамияти муборизаи дастаҷамъӣ бар зидди онҳоро таъкид карданд.
Лозим ба ёдоварист, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бино ба даъвати Вазири умури хориҷаи Эрон М.Ҷ.Зариф ба Теҳрон бо сафари расмӣ ташриф овардааст.