Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири нерӯи Эрон

01.06.2019 06:26

31 майи 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Вазири нерӯи Эрон, раиси ҷониби эронии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакониён дидору гуфтугӯ намуд.

Дар рафти мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла равобити тиҷоратию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо дар бораи пружаҳои муштараки ду кишвар, аз ҷумла Сангтӯда-2, нақби Истиқлол ва ғайра ёдовар шуда, қайд карданд, ки бо таваҷҷуҳ ба зарфияту тавоноии мавҷудаи ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф имкон дорад ҳамкориҳои беҳтаре роҳандозӣ гардад ва баҳраҳои мутақобили бештаре бардошта шавад.

Ҳамчунин вазирони ду кишвар роҷеъ ба фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон Эрон табодули назар карданд ва аз баргузории нишасти ахири Кумитаи пайгирии иҷлоси 12-уми Комиссияи муштарак дар Теҳрон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зимни ёдоварӣ аз баргузории иҷлоси 13-уми Комиссияи муштарак дар нимаи дуюми соли ҷорӣ, изҳори боварӣ шуд, ки он дар роҳи тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.

IRAN-022.jpg

IRAN-033.jpg

Нигористон

Тақвим