29 майи 2019 дар ш. Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Брунай Доруссалом Дато Эриван Пеҳин Юсуф вохурӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба табодули сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд, рушди робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла танзими барномаҳои омӯзишӣ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.