24-уми майи соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Вазири федеролии банақшагирӣ, рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҷаноби Махдум Хусрав Бахтиёр баргузор гардид.
Масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи муносибатҳои шарикиву ҳамсоягӣ ва роҳҳои ҳалли якҷояи масъалаҳои ҷойдошта аз мавзуҳои суҳбат қарор гирифтанд. Дар рафти суҳбат аз ҷониби Вазири федеролӣ рафти татбиқи лоиҳаи CASA-1000, пешбурди масъалаҳои пайвастшавии нақлиётии миёни ду кишвар, ҳамкориҳо дар дигар самтҳо қайд шуданд.
Сафири Тоҷикистон муҳимияти лоиҳаи CASA-1000-ро барои кишварҳои минтақа махсусан қайд карда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҷониби Покистон низ барои ҳарчи зудтар амалӣ намудани он кушишҳои заруриро ба харҷ медиҳад.
Инчунин дар вохурӣ масъалаҳои баргузории ҷаласаи Комиссия муштараки байниҳукуматӣ ва гуруҳҳои кории соҳавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Сафир ба Вазири федеролии Покистон доир ба чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор мегарданд маълумот дода, диққати ҳамсуҳбаташро ба муҳимияти Саммити дар пешистодаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ҷалб намуд.