Мулоқот бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия

31.05.2019 14:23

28 майи соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Федератсияи Русия баргузор шуд.

Дар рафти вохурӣ масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ миёни он созмонҳо, аз ҷумла мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангию варзишӣ ҳамкории фаъолона ба роҳ монда шавад.

Аз намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон даъват ба амал оварда шуд, то дар маъракаҳои ҷамъиятии дар шаҳру вилоятҳои Русия баргузоршаванда, иштироки фаъол дошта бошанд.

rossiya.jpg

Нигористон

Тақвим