Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири муҳити зисти Япония

13.06.2019 18:06

13 июни 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов бо Вазири муҳити зисти Япония ва вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония ҷаноби Ёшиаки Ҳарада вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин мавзӯъҳои муҳими рӯзномаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

2019-06-13-Vokhuri-bo-Vaziri-muhiti-zisti-YAponiya-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим