Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

17.06.2019 15:32

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат Сарони ду давлат атрофи натиҷаҳои 5-мин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 15 июни соли равон дар Душанбе доир гардид, мубодилаи афкор намуданд. Дар ин зимн Владимир Путин ба ҷониби Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии анъанавӣ нисбати ҳайати Русия дар пойтахти Тоҷикистон изҳори сипос намуда, сатҳи баланди ташкил намудани саммити мазкурро таъкид кард.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия ва масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд. 

49933371-288723255097285-3761547500934276846-n-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим