19 июни соли 2019 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ оид ба масъалаи Афғонистон ширкат ва суханронӣ намуд.
М. Маҳмадаминов зимни суханронӣ аз таҳдиду чолишҳои мавҷуда, ба вежа терроризм, ифатгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ёдрас гардид. Дар ин робита зарурати пиёдасозии амалҳои ҳамоҳангшуда ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Намояндаи доимӣ ҳамчунин оид ба натиҷаҳои чорабиниҳои муҳими дар Тоҷикистон баргузоршуда, аз ҷумла Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла тариқи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (16-17 майи 2019) ва 5-умин Иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (14-15 июни 2019) маълумот дод.