Ҳамоиши ҳамватанон дар Брюссел

24.06.2019 14:10

Дар пойтахти Аврупо – шаҳри Брюссел ҳамоиши ҳамватанони сокини Белгия, Нидерланд ва Люксембург ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Эркинхон Раҳматуллозода дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, аҳамияти тақвияти ваҳдати миллӣ ва пайвандҳову иртиботи якдигарро дар шароити муосири мураккаб ва пур аз чолишҳову таҳдидҳо таъкид намуд.

Талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода махсусан қайд шуда, зарурати саҳми шахсии ҳар як шаҳрванди кишвар ва ҳамватанон дар хориҷа ҷиҳати ҳарчӣ талоши бештар намудан барои таъмини ваҳдат ва шукуфоии сарзамини азизи мо бори дигар ёдрас шуд.

Дар айни замон ширкати ҳамватанони сокини кишварҳои мавриди назар дар татбиқи нақшаҳои созандаи сарзамини аҷдодӣ ҷиҳати тақвияти неруи инсонӣ, таҷдиди раванди саноатикунонии кишвар, рушду густариши ҷаҳонгардиву зарфиятҳои туристии кишвар мавзӯи сӯҳбатҳои гарми ширкаткунандагони ҳамоиш буданд.

Фазои дилангезу зебои гирдиҳамоӣ дар Сафоратро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев бо таронаҳои дилпазиру рангорангаш шукӯҳи тозае бахшид.

IMG-3342.jpg

IMG-3359.jpg

 

Нигористон

Тақвим