Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Қатар

25.06.2019 18:58

25 июни 2019 дар Давҳа Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ал-Мурайхӣ Сафири Тоҷикистон Хисрав Соҳибзодаро ба ҳузур пазируфт.

Вазири давлатӣ сипоси самимии ҷониби қатариро ба роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарм дар рафти сафари Амири Давлати Қатар ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви  Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 15 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардид, изҳор намуд. Султон ал-Мурайхӣ талошҳо ва ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати тақвияти фаъолияти МҲТБО ва таъмини рушди босубот ва амнияти минтақа махсус таъкид кард.

Дар рафти суҳбат маҷмӯи васеи масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар дар заминаи татбиқи тавофуқоте, ки зимни дидори ахир байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амири Қатар дар Душанбе ҳосил шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Нигористон

Тақвим