28 июни соли 2019 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин бо Вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Умар Аюб Хон баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илми-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки 2-3 июли соли ҷорӣ дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, барррасӣ гардиданд.
Сафири Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба муносибатҳо байни ду кишвари дӯст такони тоза бахшанд.