Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо   Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ

08.07.2019 15:07

7 июли соли 2019 дар шаҳри Бишкек дар чаҳорчӯби Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини мулоқот намуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда дар рафти сафари Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2019 баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои равобити рӯ ба густариш миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷанбаҳои калидии шарокати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва амниятӣ мавриди табодули назар қарор гирифтанд.

20190707-2293-KGZ-2742s.jpg

20190707-2295-KGZ-2744s.jpg

 

Нигористон

Тақвим