31 июли 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс Абдуллатиф ибни Рошид аз-Заёнӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба тадбирҳои муштарак дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ зоҳир гардид. Ҳарду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва тавсеаи бештари ҳамкории судбахш таъкид доштанд.