Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Муовини шаҳрдори Осака

04.08.2019 15:15

2 августи 2019  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҷалолов Мирзошариф ба шаҳри Осакаи Япония сафари корӣ анҷом дода, бо муовини шаҳрдор ҷаноби Тору Такаҳаши вохӯрӣ намуд. Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва  фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сафир ҷониби япониро ба муносибати шаҳри мизбони EXPO-2025 интихоб гардидани Осака муборакбод намуд.

Т. Такаҳаши дар навбати худ аз ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии номзадии Осака изҳори миннатдорӣ карда, Тоҷикистонро барои иштироки фаъол дар ин чорабинии байналмилалӣ даъват намуд.

muovini-raisi-shahri-Osaka.jpg

 

Нигористон

Тақвим