6 августи соли 2019 боздиди кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода аз Осорхонаи Бирмингем сурат гирифта, мулоқоти ӯ бо Эллен Макадам, мудири Осорхона баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои танзими робитаҳо байни осорхонаҳои Тоҷикистону Бирмингемро баррасӣ намуда, рағбати худро ба ташкили сафарҳои мутақобила ва баргузории намоишгоҳҳои фарҳангӣ баён карданд.