Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндагони Гурӯҳи сиёсии Деҳлӣ

20.08.2014 13:27

19 августи соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо намояндагони Гурӯҳи сиёсии Деҳлӣ баргузор шуд.

Зимни суҳбат, ки дар фазои дӯстона ҷараён гирифт, табодули назар оид ба вазъияти Афғонистон ва масоили амнияти минтақавӣ сурат гирифт.

Дар вохӯрӣ аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар амри истиқрори сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон қайд карда шуд. Таъкид гардид, ки ҷомеаи байналмилалӣ дар марҳилаи гузариши Афғонистон ба кишвари амну худкифо бояд кумакҳои моддиву маънавии худро ба он дареғ надорад.

Нигористон

Тақвим