Маросими имзои ёддоштҳои табодулӣ байни Тоҷикистон ва Япония

20.08.2019 11:37

20 августи соли 2019 дар Вазорати корҳои хориҷӣ маросими мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаҳои «Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, қитъаи Қизилқалъа-Бохтар» (марҳилаи якум, корҳои лоиҳакашӣ) ва «Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, қитъаи Қизилқалъа-Бохтар» (марҳилаи дуюм, корҳои сохтмонӣ) баргузор гардид.

Ёддоштҳои табодулӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока ба имзо расиданд.

PS7A6436-20-08-2019.jpg

Нигористон

Тақвим