Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бино бар амалҳои ҷониби Қирғизистон дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар таърихи 25 августи соли 2014, ки он талафоти ҷониро дар пай дошт, эътирози қатъии худро изҳор мекунад. Вайрон карда шудани тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда ва кӯшишҳои ҳалли масъалаҳо тавассути зӯр номақбул арзёбӣ мегардад. Вазорат афзоиши чунин иғвоҳоро дар арафаи гуфтушунидҳои муҳими байниҳукуматӣ, ки ба муносибатҳои дуҷониба таъсири манфӣ мерасонанд, бо таассуф таъкид менамояд.
Ҷониби Тоҷикистон, дар сурати минбаъд такрор шудани чунин ҳолатҳо, ҳаққи худро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва дифоъ аз шаҳрвандон ва қаламрави худ бо истифода аз нерӯ ва имконоти мавҷуда, раво медонад.
Дар робита ба ин, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон ёддошт фиристода шуд.