Мулоқот бо муовини Котиби давлатии ИМА дар масъалаҳои сиёсӣ

21.08.2019 18:48

21 августи 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чаҳорчӯби нишасти сатҳи баланди масоили амниятӣ дар қолаби С5+1 (кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА) дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон бо муовини Котиби давлатии ИМА дар масъалаҳои сиёсӣ Давид М.Хейл мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва рушди робитаҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар ҳошияи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд. Ҳамсуҳбатон инчунин масъалаҳои рушди минтақавӣ ва мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои амниятиро муҳокима карданд.

attachment-nursultan-21-08-2019.jpeg

Нигористон

Тақвим