Баргузории конфронси “Геопаркҳои ЮНЕСКО: Минтақаҳои имконпазири Тоҷикистон ҳамчун номинатсияҳои эҳтимолӣ”

22.08.2019 15:44

16-17 августи соли равон бо ташаббуси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси “Геопаркҳои ЮНЕСКО: Минтақаҳои имконпазири Тоҷикистон ҳамчун номинатсияҳои эҳтимолӣ” баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода ифтитоҳ намуд. Ҳадафи асосии баргузор намудани конфронси мазкур муҳокимаи фарогири консепсияи Геопаркҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ва мақсаду вазифаҳои онҳо буд. Дар конфронс инчунин мавзеъҳои Тоҷикистон, ки эҳтимоли аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун “Геопарки ЮНЕСКО” эътироф шуданро доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

image2-22-08-2019.jpeg

Нигористон

Тақвим