Нишасти матбуотии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

29.08.2014 19:19

26 августи соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар нишасти матбуотии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Ардашер Қодирӣ бо иштироки сафирони муқими давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (Русия, Хитой ва Қазоқистон), давлатҳои нозир (Афғонистон, Эрон, Ҳинд, Покистон) ва шарикони мусоҳибавии  Созмони мазкур (Туркия), инчунин намояндагони васоити ахбори оммаи Давлати Қатар, аз ҷумла шабакаи маъруфи телевизионии “Ал-Ҷазира” ва Агентии иттилоотии Қатар «Qatar National Agency» доир гашт.

Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон ба самъи ҳозирин оид ба фаъолият, ҳадафҳо ва вазифаҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, инчунин дар бораи корҳои анҷомпазируфта дар ҳошияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони мазкур солҳои дар 2013-2014, маълумоти муфассалро пешкаш намуд. Ҳамзамон таваҷҷуҳи ҳозирин ба натиҷаҳои ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ, ки 30-31 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, инчунин оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар чорчубаи Созмони мазкур бо дарназардошти ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 11-12 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир хоҳад гашт, ҷалб намуд.

Нишасти матбуотии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

 

Нигористон

Тақвим