Супоридани нусхаи Эътимоднома аз ҷониби Сафири Қирғизистон

03.09.2014 15:43

2 сентябри соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов нусхаи Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирослав Ниязовро қабул намуд.

Зимни суҳбати дӯстона, Вазир қайд кард, ки ҷониби Тоҷикистон аз таъини дубораи чунин шахси дар ҳар ду кишвар обрӯманд ба ҳайси сарвари намояндагии Қирғизистон истиқбол менамояд. Таъкид гардид, ки роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки бо такя ба анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ тамоми масоили рӯзмарраро ҳаллу фасл намуда, рушди ҳамкориҳои миёни ду кишвар ва мардуми бародарро дар фазои суботу тафоҳум таъмин намояд. С.Аслов изҳори умедворӣ кард, ки мулоқоти қарибулвуқӯи президентҳои ҳар ду кишвар дар ҳошияи Ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе ба ин раванд такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Сафири Қирғизистон дар навбати худ аҳамияти таҳкими муносибатҳои шарикона бо Тоҷикистонро барои кишвараш таъкид карда, иброз дошт, ки тамоми кӯшиши худро барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо бар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ равона хоҳад кард. Вазири корҳои хориҷӣ ба ӯ дар ин вазифаи фахриву пурмасъулият комёбиҳо таманно кард.

Супоридани нусхаи Эътимоднома аз ҷониби Сафири Қирғизистон

Нигористон

Тақвим