Дидори Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири кулли Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ

27.08.2019 18:40

27 августи 2019 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Раис ва Мудири кулли Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои фаъолияти Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардида, роҷеъ ба нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа ва тадбирҳое, ки дар кишвар бобати фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти расонаҳо андешида мешаванд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни таъкид бар зарурати риояи озодии сухан ва матбуот, ба масъулияти расонаҳо дар ҳифзи сулҳу оромиш дар ҷомеа ишора намуд.

S7A6630-27-08-2019.jpg

Нигористон

Тақвим