Минск: Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Тоҷикистон

08.09.2014 09:35

5 сентябри соли 2014 дар қароргоҳи ИДМ дар шаҳри Минск Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Конфронс бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва муштаракона бо Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Академияи идораи назди Президенти Ҷумҳурии Беларус баргузор карда шуд.

Дар кори Конфронс намояндагони Парлумон, вазорату муассисаҳои Ҷумҳурии Беларус, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Беларус, олимону мутахассисон, намояндагони ҳамватанони сокини ин кишвар ширкат варзиданд.

Зимни оғози кори Конфронс барандаи он И.И.Ганчеренок, проректор оид ба корҳои таълими Академияи идораи назди Президенти Ҷумҳурии Беларус Сафири Тоҷикистон ва халқи ҷумҳуриро ба муносибати 20-умин ҷашнвора табрик намуда, зикр кард, ки як сол қабл, дар баромади худ бахшида ба 19-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Эмомалӣ Раҳмон Сарқонунро, ки арзишҳо ва ананаҳои баланди миллӣ ва умумиинсониро дар худ таҷассум кардааст, “Китоби бахти” Тоҷикистон номид.

Зимни суханронии худ дар Конфронс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов зикр намуд, ки қабули Конститутсияи нав дар соли 1994 рӯйдоди бузурге буд, ки дар ҳаёти минбаъдаи халқи тоҷик ва рушди давлатдории миллӣ нақши тақдирсоз дошт.

Ӯ суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос овард, ки ҳануз дар иҷлосияи 21-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ гуфта буд: “халқи тоҷик дар тӯли таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдории худ бори нахуст Конститутсияи давлати мустақилро тариқи райъпурсӣ қабул намуд” ва “иштироки фаъолонаи ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ин воқеаи муҳими сиёсӣ дастоварди арзишманд ва ғалабаи демократия дар Тоҷикистон мебошад”.  

Қ. Қоимдодов изҳор дошт, ки бо қабули Конститутсияи нав дар таърихи Тоҷикистон саҳифаи нав боз шуд ва ба усулу меъёрҳои Қонуни асосӣ такя карда, мардуми Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона месозад.

Муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ В.Г.Гаркун дар баромади худ нақши муҳими қабули Конститутсияи навро дар рушди робитаҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ, кишварҳои дигар, дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ қайд кард.

В. Гаркун зикр кард, ки ба шарофати рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсати “дарҳои боз” Тоҷикистон мавқеъ ва эътибори худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд, ҳамкории самаранокро бо бисёр кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии обрӯманд тавсеа бахшид. Дар Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани се ташаббуси ҷаҳонӣ – эълом доштани Соли байналмилалии оби тоза, тасдиқи Даҳсолаи амал “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015) ва соли 2013-ро эълом доштани Соли байналмилалии ҳамкории обӣ шаҳодати ин мебошад. Ба фикри муовини аввали Кумиҷроияи ИДМ раёсати муваффақонаи имрӯзаи Тоҷикистонро дар Созмони ҳамкории Шанхай низ дар ҳамин қарина дидан мумкин аст.

В. Гаркун саҳми калони кишварро дар таҳкиму такмили фаъолияти Иттиҳод махсус қайд намуд. Маҳз дар саммити Душанбе дар соли 2007 сарони давлатҳо Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ-ро тасдиқ карданд, ки мақсадҳои наздиктарин ва минбаъда, инчунин роҳҳои мушаххаси амалӣ кардани онҳоро муайян намуда буд. Таҳти ҳидояти раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод дар соли 2011 як қатор санадҳои муҳим қабул гардид: Изҳороти сарони давлатҳо ба муносибати 20-солагии таъсисёбии Иттиҳод, Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод, Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ, Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳан, Барномаи чорчӯбавии “Ҳамкорӣ “Атом-ИДМ”, Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг.

Дар охир В.Гаркун хулоса намуд: “Муҳимаш он аст, ки дар солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу осоиш, рушди бомароми кишвар ва ҷомеа таъмин гардид – он чӣ, ки имрӯз дар асри XXI анқариб арзиш ва ченаки асосӣ мебошад.

Дар маърӯзаҳо ва баромадҳои А.А.Тсесохо, Раиси Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба тандурустӣ, тарбияи ҷисмонӣ, сиёсати оила ва ҷавонон, роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкорӣ бо Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, М.Д. Ҳакимов, вакили халқ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Н.А.Кислекова, сардори шӯъбаи Осиёи Марказии Раёсати муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои ИДМ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус, В.В.Сажина, дотсенти Академияи идораи назди Президенти Ҷумҳурии Беларус, Ф.Абдуллоев, судяи Суди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), А.А.Тиковенко, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Беларус, Т.К. Султанов, Кордори Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Беларус, Е.В. Семашко, мудири кафедраи Академияи идораи назди Президенти Ҷумҳурии Беларус, Г.А. Василевич, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи давлатии Беларус, А. Камолов, номзади илмҳои филология роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни ислоҳоти конститутсионӣ андешаҳо иброз шуда, таҳлили таҷрибаи эҷоди қонунгузорӣ дар фазои пасошӯравӣ дар давраи ташаккули давлатҳои нав, аз ҷумла дар Тоҷикистон, манзур гардид.

Нигористон

Тақвим