8 сентябри соли 2014 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сри Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои дӯст доираи васеи мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, туризм, маориф, энергетика ва рушди захираҳои башарӣ ва соҳаҳои фарҳангиву гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба масъалаҳои мубрами глобалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карда, ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкории муштарак дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Бонки рушди Осиё, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалии бонуфуз рағбати ду кишварро таъкид намуданд.
Музокирот дар фазои озод ва ҳусни эътимод, ки хоси муносибатҳои дустӣ ва ҳусни эҳтироми Тоҷикистону Малайзия мебошад, ҷараён гирифт.