Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Остона

08.09.2014 19:04

5 сентябри соли 2014 дар шаҳри Остона Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба ифтихори 23-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии расмӣ баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мусинов Аскар Ахметович, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Қазоқистон, вазорату идораҳо, намояндагони ВАО, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок доштанд.

Дар баромади худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Ализода дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият, аҳамияти таърихии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон, сиёсати хориҷӣ, ҳадафҳои стратегӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ, дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро қайд намуд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мусинов дар рафти суханронӣ, аз номи Ҳукумати Қазоқистон табрикоти худро ба Сафир ва аҳли мардуми Тоҷикистон расонид. Ҳамзамон, ӯ ба сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо баҳои баланд дода, қайд намуд, ки имрӯз Қазоқистон ва Тоҷикистон шарикони муҳими иқтисодӣ мебошанд. Алалхусус, ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, обию энергетикӣ, аграрӣ, бонкӣ, фарҳангӣ ва маориф фаъолона ҳамкорӣ менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки яке аз омилҳои муҳимтарини муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон ин «пайраҳаи воқеӣ»-и 50 ҳазор нафараи  диаспораи тоҷикони Қазоқистон мебошад, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Қазоқистон саҳми худро фаъолона мегузорад.

Дар чорабинии ҷашнӣ сурудҳои миллӣ ва видеофилми мустанад «Оид ба ҳаёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешкаши ҳозирин гардид.    

Нигористон

Тақвим