Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Намоишгоҳи «Шаҳри ҳушманд» дар Чин

30.08.2019 14:17

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Smart China Expo-2019», ки 26-29 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Чунтсини Чин баргузор гардид, иштирок намуд.

Ҳадаф аз баргузории Намоишгоҳи мазкур соддагардонии табодули байналмилалӣ дар мавриди фанновариҳои ҳушманд ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин замина мебошад.

Сафири Тоҷикистон дар ҳошияи он Намоишгоҳ бо муовини Раиси шаҳри Чунтсин Пан Йичин вохӯрии дуҷониба анҷом дод, ки дар рафти он мавзӯи таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо шаҳри Чунтсин муҳокима гардид.

Дар Чунтсин Сафири кишвари мо инчунин бо соҳибкори маъруфи чинӣ, бунёнгузор ва Раиси Шӯрои мудирони ширкати Alibaba Group Ҷек Ма мулоқот карда, аз ӯ даъват намуд, ки ҷиҳати шиносоӣ бо имконоти сармоягузории кишвари мо ба Тоҷикистон ташриф орад.

b02de34122c2b479f2094889a922e21-30-08-2019.jpg

Нигористон

Тақвим