Ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Тоҷикистону Белгия

04.09.2019 13:52

30 августи соли 2019 давраи навбатии Барномаи махсуси бозомӯзии илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои ҳайати Тоҷикистон дар Донишгоҳи яке аз шаҳрҳои қадимаву маъруфи Подшоҳии Белгия – Гент бо маросими супоридани гувоҳиномаҳои хатм ба анҷом расид.

Заминаи ин барнома 23 ноябри соли 2017 зимни маросими ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи Гент ва Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои омӯзишии ҳарду кишвар дар чаҳорчӯби фаъолияти Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” гузошта шудааст.

Тибқи тақвими мувофиқашуда мубодилаи ҳайати устодону муаллимон ва донишомӯзон, инчунин бозомӯзии онҳо оғоз ёфт.   Мутобиқи барнома ин дафъа 23 нафар намояндаи Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ва коллеҷҳои кишоварзии Мастчоҳ ва Бохтар аз тарафи Факултети муҳандисии зистии Донишгоҳи Гент ва Маркази таълимии байналмилалии он бо бозомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Нигористон

Тақвим