Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон

24.09.2019 10:30

23 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон доктор Субраҳманям Ҷайшанкар вохӯрӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, нақлиёти ҳавоӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд.

Инчунин имкониятҳои ҷалби сармоя ва фанновариҳои ширкатҳои ҳиндустонӣ ба иқтисодиёти кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

IMG-2394-24-09-2019-1030.jpg

Нигористон

Тақвим