Таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Малайзия дар соҳаи тандурустӣ

25.09.2019 17:35

23 сентябри соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ бо Вазири тандурустии Малайзия Зулкифлӣ Аҳмад доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаи тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди муносибатҳо дар  соҳаи тандурустӣ, мубодилаи таҷриба байни мутахассисони ҳар ду тараф, баргузории давраҳои таълимӣ-таҳқиқотӣ байни мутахассисону олимони ду кишвар дар риштаҳои гуногуни соҳа аз самтҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавӣ арзёбӣ гардиданд.

20190923-163427-25-09-2019-1735.jpg

Нигористон

Тақвим