Вохӯрӣ бо муовини Котиби давлатии Мексико роҷеъ ба корҳои хориҷӣ

27.09.2019 06:19

26 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Мексико роҷеъ ба корҳои хориҷӣ Хулиан Вентура Валеро вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи байни ду кишвар ва роҳҳои таҳкими онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Инчунин ҷонибҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Мексико дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд.

IMG-2640-27-09-2019-1118.jpg

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим