27 сентябри 2019 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлут Чавушоғлу Мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.
С. Муҳриддин зимни суханронии худ ба зарурати тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақаи СҲИ, аз ҷумла дар соҳаҳои рушди соҳаи нақлиёт ва алоқа, татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ, соддагардонии раванди тиҷорат, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва энергетикӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ, гардиши озоди молу хадамот ва сармоя таъкид намуд.