27 сентябри 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии канории “Осиёи Марказӣ ба ҳамбастагии байналмилалӣ даъват мекунад", ки аз ҷониби намояндагиҳои доимии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар СММ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Вазир роҷеъ ба хавфҳои марбут ба партовгоҳҳои радиоактивӣ дар кишвар маълумот дода, изҳори умедворӣ намуд, ки чунин чорабиниҳо ба фаъолнокӣ ва густариши талошҳо барои солимгардонии муҳити зист дар манотиқи аҳолинишини кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат кунанд.