Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Иҷлоси 43-юми Вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин

28.09.2019 12:24

27 сентябри соли 2019 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин дар Иҷлоси солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин ширкат варзида, сухан кард.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронии хеш ба аҳаммияти татбиқи Рӯзномаи 2030 таъкид намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро қабул намудааст.  Ҳамчунин Вазир ба ҳозирин дар бораи омодагӣ ба Конфронси дувуми байналмилалии сатҳи баланд ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, ки соли 2020 дар Душанбе барпо мегардад, маълумот дода, аз кишварҳои узви Гурӯҳи 77 ҷиҳати иштирок дар кори конфронс даъват ба амал овард.

1111111-28-09-2019-1223.jpg

Нигористон

Тақвим