Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия

07.10.2019 14:07

4 октябри соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодири бо муовини Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия (дар масоили ҳамкориҳои дуҷониба) ҷаноби Дато Амрон ибни Муҳаммад Зин баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба натиҷаҳои аввалин машваратҳои сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия, ки дар таърихи 13 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардида буд, табодули афкор намуданд.

Он ҷониб бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи танзими машваратҳои сиёсӣ таъкид дошт, ки натиҷаҳои он мавриди пайгирии мақомоти воридаи Малайзия қарор доранд ва илова гардид, ки Вазорати корҳои хориҷии Малайзия пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро, ки зимни машваратҳои сиёсӣ ироа гаштанд, дастгирӣ мекунад ва аз ҷониби худ тамоми кӯшишҳоро ҷиҳати татбиқи он ва тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад кард.

20191004-165742-07-10-2019-1407.jpg

Нигористон

Тақвим