Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Департаменти Русия, Осиёи Марказӣ ва Ҳамҷавории шарқии Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ

28.10.2019 10:41

25 октябри 2019 дар Брюссел мулоқоти Сафир, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Мудири кулли (иҷроияи) Департаменти Русия, Осиёи Марказӣ ва “Ҳамҷавории Шарқӣ”-и Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ Анжелика Айшҳорст баргузор гардид.

Мусоҳибон маҷмӯи мавзуъҳои марбут ба ҳамкориҳои судманди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки масъалаи гузаронидани Шӯрои ҳамкории тарафайн, ҷаласаи Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ ва Мусоҳибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо доир ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун аз зумраи масоили мавриди гуфтугӯ буданд.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо пас аз тасдиқи роҳбарони тозатаъйини онҳо ва зарурати идомаи муассири ҳамкориву ҳамёрии тарафайн низ баррасӣ гардиданд.

IMG-3529-28-10-2019-1040.jpg

 

Нигористон

Тақвим