Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Белгия

31.10.2019 17:55

30 октябри 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия Эркинхон Раҳматуллозода бо Директори идораи Аврупои Шарқӣ, Ҷанубу Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Белгия Лук Лиебаут баргузор гардид.

Мусоҳиба пиромуни масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба сурат гирифт. Мавзӯоти ҳамкориҳои васеи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ аз масоили умдаи музокироти ду ҷониб буданд. Омода намудани созишномаҳо дар бахшҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузории соҳибкорони белгиягӣ дар Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳои гуфтушунидро ташкил доданд.

Афзун намудани теъдоди рафтуои расмиёни ду ҷониб ҷиҳати тавсеа бахшидани пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибот ва ҳаллу фасли чандин масоили марбут ба ин мавзӯъ низ ҷиддан ва тафсилан баррасӣ шуданд.

IMG-3543-31-10-2019-1755.jpg

 

Нигористон

Тақвим