Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

11.11.2019 17:18

8 ноябри 2019 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки тоҷикони муқими Кувайт баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода  шаҳрвандонро ба муносибати ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният намуда, аҳаммият ва моҳияти Конститутсияро баён карда,  онҳоро ба ҳифзи истиқлол ва якпорчагӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд.

KHabar-11-11-2019-1717.jpeg

Нигористон

Тақвим