Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президент

18.11.2019 19:44

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷӣ дар назди дипломатҳо суханронӣ намуда, нақши муҳимми Сарвари давлатро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ташаккулёбии сиёсати хориҷии кишвар қайд намуд.

Дар суханронии худ Сироҷиддин Муҳриддин ҳозиринро бо нақши муҳимми таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда, ҳамзамон зикр намуд, ки вобаста ба ин ҳар сол 16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Президент қайд карда мешавад.

Дар ин ҷода, Вазир фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хотимаи ҷанги бародаркушӣ таъкид карда, нақши Сарвари давлатро дар нигоҳ доштани сулҳу суботи имрӯза дар тамоми минтақа ёдрас намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи дипломатҳоро инчунин ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуда, илова кард, ки бо шарофати ӯ эътибори Тоҷикистон боло меравад.

PS7A9799-19-11-2019-1144.jpg

 

Нигористон

Тақвим