Чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон

22.11.2019 17:56

22 ноябри 2019 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинии идона Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин суханронии табрикӣ кард.

Дар суханронии худ Вазир аҳаммияти парчамро ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва ифодаи ҳисси садоқат ба Ватан қайд намуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти парчами ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои глобалии он дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазоворро гирифт.

S7A0239-22-11-2019-1804.jpg

 

Нигористон

Тақвим