27 ноябри соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар арафаи Иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор гашт.
Дар кори ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо ҳайати ҳамроҳ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласаи муштарак намояндагони воломақоми кишварҳои узв дар бораи доираи васеи масъалаҳои рӯзмарраи амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамкории давлатҳои узви СААД дар доираи Созмон ва арсаи байналмилалӣ, муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми давлатҳои узви СААД мубодилаи афкор намуданд.
Зимни суханронии Вазири корҳои хориҷӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иброз гардида, вазъи мушкили амниятии имрӯза дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид ва зарурати мустаҳкам намудани сарҳади ҷанубии Созмон муҳим арзёбӣ гардид.
Дар интиҳои ҷаласаи муштарак қарорҳои дахлдор ба имзо расонида шуданд.