26 ноябри соли 2019 дар Лондон бо ибтикори Сафорат дар ҳамкорӣ бо Палатаи тиҷорати Тоҷикистон ва Британия чорабинӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсади асосии баргузор намудани чорабинӣ ҳамаҷониба муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузорӣ ба кишварамон буда, аз ҷумла маълумоти пурра оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми андоз, имтиёзҳои махсус барои сармоягузорон ва шароити бурдани тиҷорат дар Тоҷикистон манзури иштирокчиён гардид.
Дар чорабинӣ Сафири кишвар дар Британияи Кабир Масуд Халифазода суханронӣ намуда, оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои авлавиятнок байни ду кишвар, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, иқтидори гидроэнергетикии кишвар, саноат, маъданҳои фоиданок ва соҳаи кишоварзӣ изҳори назар кард.
Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои давлатии кишвари маҳалли иқомат, ҳайати дипломатии муқими Британияи Кабир, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои сармоягузор, намояндагони Палатаи тиҷорати Тоҷикистону Британия ва дигарон ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш эълон шуд, ки 23 апрели соли 2020 дар Лондон Форуми якуми тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гардид.