Вохӯрии Сафир бо Муовини роҳбари Агентии зидди коррупсияи Арабистони Саудӣ

02.12.2019 11:32

1 декабр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо муовини раиси Агентии миллии мубориза бо коррупсияи Подшоҳӣ д-р Носир ибни Аҳмад Абоалхайл мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкорӣ миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ин соҳа баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо зарурати чунин ҳамкорӣ ва омодагии худро ба таҳким ва густариши он таъкид намуданд.

4.jpg

 

Нигористон

Тақвим