27 ноябри соли ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода ба шаҳри Кардифф сафари корӣ анҷом дод. Дар он сафар вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон бо Даниеэл Дет, шаҳрдори Кардифф ва мақомоти дигари ҳукумати Уэлс, барпо гардиданд.
Дар вохӯриҳои мазкур ҷонибҳо масъалаҳои барпо намудани робитаҳои мустақими дуҷонибаро байни вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Уэлс дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, илму маориф, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ карданд. Бо дарназардошти мавҷуд будани шароиту имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ ҷонибҳо омодагии худро ба оғози роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои мазкур изҳор намуданд.