22 декабри соли ҷорӣ мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусайн Паноҳии Озар баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Ёддошти тафоҳум доир ба танзими моликияти ғайриманқули дипломатӣ миёни ду кишвар, ки соли 2013 ба имзо расида буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо тасмими худро барои татбиқи комили бандҳои санади мазкур таъйид карданд.