30 декабри 2019 дар Теҳрон маросими муаррифии Раиси нави Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ/ЭКО), намояндаи Тоҷикистон Сарвар Бахтӣ дар муассисаи мазкур баргузор шуд.
Дар ин маросим Дабири кулли СҲИ Ҳодӣ Сулаймонпур, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Ғуломризо Ансорӣ, Раиси Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Эрон ва муовини раиси ҷумҳури ин кишвар Ашраф Буруҷердӣ, муовини Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ Қурбоналӣ Пурмарҷон, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири Афғонистон Абдулғафур Ливол, Сафири Туркия Дарё Урс ва дигар мақомоти фарҳангии Эрон суханронӣ намуда, мақоми Муассисаи фарҳангии СҲИ-ро дар тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои узви СҲИ таъкид карданд ва ба Раиси нави Муассиса дар пешбурди фаъолиятҳои ин ниҳоди муҳимми минтақавӣ муваффақият орзу карданд.
Сарвар Бахтӣ, Раиси нави Муассисаи фарҳангии СҲИ низ дар суханронии худ таъкид намуд, ки дар давраи сесолаи раёсати Тоҷикистон тамоми талошашро ҷиҳати пешрафт ва рушди ин Муассиса ба кор хоҳад бурд. Аз ҷумла, вай ба барномаҳои худ дар ин давра, ки ҳадафи таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои узви СҲИ-ро пайгирӣ мекунанд, ишора намуд.