27 январи 2020 дар Давҳа Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Дабири кулли Шӯрои миллии гардишгарӣ ва Раиси иҷроии ширкати ҳавопаймоии Қатар Акбар ал-Бокир дидор намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои гардишгарӣ ва алоқаи ҳавоӣ баррасӣ гардиданд.